Соли 1907 бар асари заминларзаи харобиовар дар Қаротоғу Ҳисор беки Ҳисор — Шоҳимардонқул бо оилааш ба Душанбе кӯчида, Душанберо пойтахти бекигарӣ қарор дод. Аҳолии Душанбе соли 1920 тақр. 18-20 ҳазор нафар буд. Дар ин давра ҳукумати маъмуриро беки Ҳисор идора мекард, ки амлокдори Душанбе тобеи ӯ буд.
Сентябри 1920 амири Бухоро
Олимхон аз таъқиби аскарони сурхи шӯравӣ фирор намуда, дар Душанбе қарор гирифт ва 5 марти 1921 Душанбе Панҷро убур намуда, ба Афғонистон паноҳ бурд. Охири сентябри соли 1921 Иброҳимбек бо 4 ҳазор ҷонибдораш Душанберо муҳосира кард. Ноябри ҳамон сол собиқ саркардаи ҳарбии турк Анварпошо ба Бухорои Шарқӣ омада, зиёда аз 10 ҳазор кас аз қувваҳои зиддишӯравии ин мулкро атрофи худ муттаҳид кард ва онҳо 10 декабри 1921 Душанберо ба муҳосира гирифтанд. То миёнаҳои феврали 1922 шаҳр дар муҳосира буд. Аз 2 январи 1922 то 7 феврали 1924 Душанбе ба маркази Комиссияи фавқулодаи диктатории Кумитаи Иҷроияи ҶШХБ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ табдил ёфт, ки комиссияи мазкур ҳуқуқи номаҳдуди шаҳрвандӣ ва судӣ дошт. 14 июни 1922 дар натиҷаи амалиёти густардаи ҷангӣ Душанбе аз нав ба ихтиёри қисмҳои ҳарбии аскарони сурх гузашт. Мувофиқи ваклотанома (мандат)-и № 135 Мирзосаид Абдуллоев 21 августи 1922 раиси нахустини Кумитаи инқилобии вилояти Душанбе таъйин гардид. Комиссари халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, баръакси лоиҳаҳои мавҷуда лоиҳаи наверо пешниҳод кард, ки он дар таърих бо номи «Лоиҳаи Чичерин» зикр шудааст. Мувофиқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист дар ҳудуди Осиёи Миёна ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин таъсис ёфта, Ҷумҳурии Мухтори Узбекистон дар ҳайати он бунёд мешуд, вале ин лоиҳа қабул нагардид.